Jump to content

Ҳуқуқэҷодкунӣ (парлумон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонунэҷодкунӣ (парлумон), Ҳуқуқэҷодкунӣ — фаъолияти мақоми ваколатдоршуда (одатан парлумон) оид ба баровардани қонунҳои нав, дохил кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва бекор кардани қонунҳо мувофиқи расму қоидаҳои қонунгузории дар ҳар як мамлакат муқарраршуда.

Мақоми қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ду маҷлис иборат аст: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд ва онҳоро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ мефиристад. Маҷлиси миллӣ қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро (ба истиснои қонунҳо дар бораи афв ва буҷет) ҷонибдорӣ намуда, онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо мефиристад ва ё дар сурати дастгирӣ наёфтани қонун онро барои баррасии такрорӣ бо пешниҳоду эродҳои худ ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад.

Вобаста ба аҳамияти қонунҳо аксари онҳо дар ду мутолиа қабул мегарданд, лоиҳаи қонунҳо ба муҳокимаи умум пешниҳод карда мешаванд, мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ, молиявию иқтисодӣ ва махсуси илмӣ қарор мегиранд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 258-259