Филип Уоррен Андерсон
англ. Philip Warren Anderson | |
Таърихи таваллуд | 13 декабр 1923[1][2][3][…] |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 29 март 2020[4][5][6] (96 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | John Hasbrouck Van Vleck[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | princeton.edu/prism/peop… |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Фи́лип Уо́ррен А́ндерсон (англ. Philip Warren Anderson; тав. 13 декабри 1923, Индианаполис, иёлати Индиана, ИМА) — физикдони амрикоӣ. Барандаи Ҷоизиаи Нобел дар бахши физик (1977). Дар соҳаи физикаи назариявӣ таҳқиқот мебарад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи Гарвардро хатм кардааст (1953). Солҳои 1967 — 75 профессор физикаи назариявии Донишгоҳи Кембриҷ буд. Аз соли 1984 то кунун профессор Донишгоҳи Принстон. Тадқиқоташ асосан ба фавқунноқилият, фавқулҷоришавӣ, хусусиятҳои магнитии ҷисмҳои сахт ва химияи квантӣ бахшида шудаанд. Тадқиқоти Андерсон роҷеъ ба ноқилияти маводи аморфӣ асоси назариявии бунёди сохторҳои магнитӣ ва номураттабии системаҳо, аз ҷумла нимноқилҳои аморфиро ташкил дод. Солҳои 1949 — 84 дар лабораторияи ширкати Белл дар Нию-Ҷерсӣ оид ба масъалаҳои физикаи муҳитҳои конденсатсияшуда кор кардааст. Андерсон барои таҳқиқот оид ба сохтори электронии магнитӣ ва сохторҳои номураттаб, ки боиси инкишофи калидҳои электронӣ ва афзори ҳофизаи компютерҳо гардид, сазовори Ҷоизаи Нобел (1977, якҷоя бо Н. Мотт ва Ҷ. Х. Ван Флек) гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Philip W. Anderson - Facts (ингл.) // nobelprize.org — Nobel Foundation.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 20世纪物理学巨人、诺奖得主菲利普安德森逝世,享年96岁
- ↑ https://www.jfdaily.com/news/detail?id=230922
- ↑ https://physicsworld.com/a/condensed-matter-physics-pioneer-philip-anderson-dies-aged-96/
- ↑ Philip W. Anderson - Biographical (ингл.) // nobelprize.org — Nobel Foundation.
- ↑ 8.0 8.1 Philip W. Anderson - Curriculum Vitae (ингл.) // nobelprize.org — Nobel Foundation.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андерсон, Филип Уоррен // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 декабр
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Индиана
- Даргузаштагони 29 март
- Даргузаштагони соли 2020
- Фавтидагони Ню-Ҷерсӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони асри XX
- Физикдонони асри XXI
- Физикдонони ИМА