Ҷонишинҳои номуайянӣ
Зоҳир
Ҷонишинҳои номуайянӣ ашё ва аломати онро ба таври умумӣ ва тахминӣ нишон медиҳанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои баъзе, ягон, фалон, кадом, чандин, якчанд, андак, чанде ва монанди инҳо дохил мешаванд. Ҷонишинҳои ягон ва кадом ашёҳои номуайянро далолат мекунанд.
Мисолҳо:
[вироиш | вироиши манбаъ]- — Не, бояд ягон гап бошад... (Сорбон);
- Кадом рӯз, ки қадаматро беҷо мондӣ, ҳамон рӯз бо дастёрии ин хат туро ба кӯрқозиҳо ошно хоҳам кард (Садриддин Айнӣ).
Ҷонишини баъзе ҷузъи номуайяниро аз кулл ҷудо мекунад.
Мисол:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баъзе аз инҳо ғилофи корд медӯхтанд (Садриддин Айнӣ).
Ҷонишинҳои чанд,чандин ва якчанд миқдори номуайянро далолат мекунанд.
Мисолҳо:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ин чанд бех сабзӣ нафсашро ором дод (Садриддин Айнӣ);
- Якчанд бех сабзиро аз замин кашида гирифт (Садриддин Айнӣ).
Ҷонишинҳои фалон, бисмадон, фалонӣ, бисмадонӣ шахси номуайянро далолат мекунанд.
Мисол:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар деҳа овоза паҳн шуд, ки босмачиҳо фалониро дастгир кардаанд, фалониро тирборон кардаанд, фалониро бо шамшер зада куштаанд (Сотим Улуғзода).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 170саҳ.