Jump to content

Ҷобир ибни Абдуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷобир ибни Абдуллоҳ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ходими низомӣ, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 607
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 697 ё 696[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Миллат: Banu Khazraj[d][2]
Эътиқод: ислом[2]
Падар: Abdullah bin Amr bin Haram[d]
Модар: Nasiba bint Uqba ibn Uddi[d]
Ҷанг:
Вироиши Викидода

Ҷобир ибни Абдуллоҳ ал-Ансорӣ (ар. جابر بن عبدالله الأنصاري‎, соли 14 қабл аз ҳиҷрат — 78 ҳ.қ.) — аз саҳобаи Муҳаммад (с) ва ба эътиқоди шиъа, саҷҷод буд. Шиъиён муътақид ҳастанд, ки ӯ ҳамон тавр, ки Муҳаммад (с) башорат дода буд, то замони имомати Муҳаммад Боқир зинда буд ва саломи Муҳаммад (с)-ро ба Муҳаммад Боқир расонд. Ба ин тартиб, ӯ панҷ имоми шиъа: Алӣ ибни Абитолиб (р), Ҳасани Муҷтабо, Ҳусайн ибни Алӣ, Зайналобуддин ва Муҳаммадбоқирро дарк кард.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷобир ибни Абдуллоҳ ибни Амри Ансорӣ аз тираи Банусалама аз қабилаи хазраҷ аст, ки ҳудуди понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрати Муҳаммад (с) дар Мадина ба дунё омад. Албатта, таваллуди ӯро 16 сол қабл аз ҳиҷрат ва синни ӯро дар ҳодисаи Бадр 18 сол ҳам навиштаанд[3]. Аввалин мавриде, ки муаррихон аз Ҷобир овардаанд, ҳузури ӯ бо падараш дар байъати Ақабаи дувум дар соли 13 биъсат аст. Вай камсолтарин нозири байъат авсиён ва хазраҷиён бо Муҳаммад (с) буд ва эҳтимолан дар он ҳангом 16 сол доштааст.

Ҷобир дар шумори он гурӯҳ аз саҳоба аст, ки шиъаву суннӣ дар бузургдошти ӯ иттифоқи назар доранд. Ба гузориши Тирмизӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Ибни Ҳаббон, аз фазоилаш ин буд, ки 25 бор Муҳаммад (с) барои вай дар моҷарои «Лайлатулбаъир» истиғфор кард. Дар ривояте Ҷаъфар ас-Содиқ Ҷобирро аз мунқатеъон ба аҳли байт шумурда ва дар ривояте дигар дар шумораи чанд тан аз асҳоби Алӣ ибни Абитолиб қарор гирифта, ки ба онҳо бишорати биҳишт дода шудааст.

  1. 1.0 1.1 Али-заде А. Джабир ибн Абдуллах (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — С. 218.
  2. 2.0 2.1 арабская Википедия — 2003.
  3. جایگاه روانشناسی در مدیریت :. Afghanistan Centre at Kabul University. 2012. 


  • Али-заде А. А. Джабир ибн Абдулла // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — С. 218. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)