Ғозонхон
форсӣ: غازان خان форсӣ: غازان پسر ارغون | |
| |
1295 — 1304 | |
Пешгузашта | Бойдухон |
Ҷонишин | Öljaitü[d] |
|
|
Таваллуд |
5 ноябр 1271 |
Даргузашт |
11 май 1304 (32 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Chingissid[d] ва Q12839171? |
Падар | Арғунхон[1] |
Ҳамсар | Kököchin[d] |
Эътиқод | ислом ва буддогароӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ғозонхон (форсӣ: غازان خان, 5 ноябр 1271, Устони Мозандарон — 11 май 1304, Қазвин) — ҳафтумин элхони Эрон (1295—1304) аз сулолаи Ҳулогуиҳо, писари Арғун ва набераи Обоқохон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғозонхон дар замони элхонии падараш Арғун (1284-91) ҳукумати Хуросон, Мозандарон, Қумис ва Райро ба уҳда дошт ва қаламраваш доимо мавриди ҳуҷуми хонҳои чағатойи Осиёи Миёна қарор мегирифт. Пас аз қатли Бойдухон (1295) бо пешниҳоди амир Наврӯз ба ислом гаравида, онро дини расмии Ҳулогуиҳо эълон кард. Аз аҳди Ғозонхон тобеияти Ҳулогуиҳо ба дарбори Хонболиғ хотима ёфт.
Ислоҳоти Ғозонхон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғозонхон бо ташаббуси таърихнигор ва вазир Рашидуддини Фазлуллоҳ дар кишвар як идда ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кард: азхудкунии заминҳои нокорам, ташкили барид (почта), тақсими заминҳои иқтаъ ба ҷанговарон, ҷорӣ кардани вазн ва нархи ягона дар кишвар, ҷамъоварии андоз мувофиқи масоҳат ва сифати замин, манъи намояндагони дарбор ва ҳамроҳонашон аз иқомат дар хонаҳои мардум ҳангоми сафар, тартиби интихоби қозӣ ва ҳалли парвандаҳо дар дорулқазо ва ғайра. Ғозонхон дар муомилоти пулӣ сиккаҳои наверо бо номи «ғозонӣ» аз нуқра ва тило ба муомилот баровард, ки дар рӯи онҳо номи элхон, калимаи тавҳид, номи шаҳр ва соли барориш зарб ёфта буд. Дар аҳди Ғозонхон ғайр аз тангаҳои маъмулӣ ҳамчунии сиккаи махсусе бо номи «дурусттило» ба вазни сад мисқол зарб меёфт, ки ба шахсони хос эҳдо мешуд. Дар заминаи ислоҳоти Ғозонхон иқтисодиёти кишвар ба пешрафт ноил шуда, нишондоди даромади солонаи кишвар нисбат ба давраи Арғун аз 1700 туман ба 2100 туман боло рафт.
Сиёсати хориҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёсати хориҷии Ғозонхон барои тақвият бахшидани нуфузи Ҳулогуиҳо дар Шарқи Наздик равона шуда буд. Ғозонхон дар мубориза бар зидди мамлукони Миср нахуст Димашқ, Ҳалаб, Байтулмуқаддас ва Ғаззаро ишғол карда (1299), ахиран дар муҳорибаи назди Марҷу-с-Суффар шикаст хӯрд (1303).
Сиёсати фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғозонхон ба илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо дастури ӯ дар Табрез расадхона бунёд ёфта буд. То ҳоло дар Табрез маҳаллае бо номи Шанби Ғозон (Шоми Ғозон) машҳур аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғозонхон / С. Муллоҷон // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Петрушевский И. П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII—XIV веков. М., 1960; Бартольд В. В. Сочинения. Т. VII. М., 1971.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 5 ноябр
- Зодагони соли 1271
- Зодагони Эрон
- Даргузаштагони 11 май
- Даргузаштагони соли 1304
- Даргузаштагони Эрон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)