Устураи офариниш
Устураи офариниш (англ. Creation myth ё Cosmogonic myth), ё достони офариниш — ривояте намодин дар як фарҳанг ва дар миёни мардум аст, ки дар бораи оғози ҷаҳон ва чигунаги пайдоиши мардум сухан мегӯяд. Ин устураҳо бештар ба сурати даҳон ба даҳон нақл мегарданд[2] ва шоеътарин шакл устура дар миёни фарҳангҳои мухталифи башарӣ ҳастанд.
Бо вуҷуди набуди пуштвонаи таърихӣ, чунин устураҳое дар миён аъзои як ҷомеа ба унвони ҳақоиқе воло дар назар гирифта мешаванд.[3] Ин устураҳо тақрибан дар тамоми мазоҳиб ба чашм мехӯранд. Бархе вежагиҳо дар миёни устураҳои офариниш муштараканд. Дар ҳамагии ин достонҳо як тарҳи куллӣ ва шахсиятҳое таъсиргузор (худогуна, инсонӣ, ё ҷонвароне, ки дар бештари маворид тавони сухан гуфтан ё тағйири шакли сареъро доранд) вуҷуд доранд ва ҳамагӣ дар гузаштае номушаххас ва мубҳам рух додаанд.[4] Дар тамоми ин достонҳо саъй бар он аст то ба пурсишҳои амиқе, ки он ҷомеъа бо онҳо даст ба гиребон аст, посух дода шавад. Устураҳои офариниш дидгоҳ ва нигариши афроди он ҷомеъаро нисбат ба ҷаҳон нишон медиҳанд ва чаҳорчуби ҳувияти фарҳангии аъзои ҷомеъаро муайян мекунанд.[5]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ An interpretation of the creation narrative from the first book of the Torah (commonly known as the Book of Genesis), painting from the collections Бойгонӣ шудааст 16 апрели 2013 сол. of the Jewish Museum (New York)
- ↑ Womack, Mari (2005). Symbols and Meaning: A Concise Introduction. AltaMira Press. ISBN 978-0-7591-0322-1 ва en.
- ↑ Kimball, Charles (۲۰۰۸). «Creation Myths and Sacred Stories". Comparative Religion. The Teaching Company
- ↑ Encyclopaedia Britannica 2009
- ↑ Leeming, David A. (۲۰۰۹). Creation Myths of the World (2nd ed.). ABC-CLIO. ISBN 978-1-59884-174-9 ва en.