Назар
Зоҳир
Назар ё ақида (юн. ideal) — мафҳум дар бораи чизе, эътиқод, муҳокима, хулосабарорӣ, нуқтаи назар оид ба мавзӯе, ки дар он объективияти комил ба даст овардан ғайриимкон аст, дар асоси тафсири факту далелҳо ё муносибати эмотсионалӣ ба онҳо. Афлотун ақидаро нақшаҳои монанди ашёҳо, мавод, молҳо, ки дар майна меғунҷад, номида буд. Аз руйи фаҳмиши Кант ақида фаҳмиши ақлонист, ки он аз руйи фаҳмиши ҳиссӣ ба ягон ашё монанд нест (яъне ба мисли озодӣ, ҷовидонӣ, Худо, фикр, тасаввурот, мақсад, нақша).
Ақида баҳодиҳӣ, баёни нуқтаи назар, шарҳ, инчунин изҳори андеша оид ба муносибат ба зуҳурот, раванд ва ё шахсият аст, ки дар онҳо хулосаи тасдиқшаванда ё радшавандаи далелҳо вуҷуд надорад.[1]