Вомбарг
Вомбарг — коғази гаронбаҳо, ки дорандаи он барои аз эмитент (молик) дар муҳлати муайян гирифтани маблағи пешбинишуда ё дигар амволи ҳамсанги маблағ ҳуқуқ пайдо мекунад.
Вомбарг ба шахс ҳуқуқи гирифтани фоизи муайянро низ медиҳад. Вомбарг купонӣ, ғайрикупонӣ ва мубодилавӣ мешавад. Вобаста ба шартҳои барориш ва фоизе, ки барои пардохт муқаррар карда шудааст, навъҳои гуногуни вомбарг мавҷуданд. Мас., аз рӯйи муҳлати пардохт онҳо муҳлатнок (дар муҳлати муайян аз ҷониби молик пардохт карда мешаванд) ва бемуҳлат (дар муҳлати дилхоҳ пардохт мекунанд) мебошанд. Вобаста ба соҳибият вомбаргҳои номдор (ному насаби дорандаи он дар феҳристи махсус ё сертификати вомбарг дарҷ меёбад) ва беном (ному насаби дорандаи вомбаргро ба қайд намегиранд) мавҷуданд. Вомбаргҳо вобаста ба муомилот низ навъҳои гуногун доранд, чунончи, вомбарг-ҳо бадалӣ (бо дигар коғази қиматнок иваз мекунанд) ва бадалнашаванда (бо дигар коғазҳои қиматнок иваз кардани онҳо мамнуъ аст). Аз нигоҳи муҳлати амал вомбарг-ҳо кӯтоҳмуддат (аз 6 моҳ то 1 сол), миёнамуддат (аз 1 то 10 сол) ва дарозмуддат (аз 10 то 25-30 сол) мешаванд. Вобаста ба молик вомбаргҳои давлатӣ, хусусӣ мунитсипалӣ ва муштарак (мас., бо хориҷиён) мавҷуданд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи баровардани вомбарг дода шудааст. Вомбаргҳо бо қарори Шӯрои сардорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъияти саҳомӣ паҳн карда мешаванд (ба шарте, ки дар ойинномаи онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад). Дар қарор оид ба барориши вомбаргҳо бояд тарз, муҳлат ва дигар шартҳои пардохти арзиши онҳо муайян карда шаванд. Паҳн кардани вомбарг аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ баъди комилан пардохт намудани сармояи ойинномавии онҳо иҷозат дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кодекси Мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қ. 1. Д., 2009;
- Шеремет В. В., Павлюченко вомбарг М., Шапиро вомбарг Д. и др. Управление инвестициями. Т. 1. М., 1998;
- Басов А. И., Галанов В. А. Рынок ценных бумаг. М., 2000;
- Новиков А. В. Фондовый рынок как механизм привлечения инвестиций. Новосибирск, 2000;
- Слепова В. А. Инвестиции. М., 2006; Орлова Е. Р. Инвестиции. М., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вомбарг / М. Тағоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.