Бусниҳо
Номи қавмии ҳозира | бусниёӣ: bošnjaci, |
---|---|
Шумора |
|
Сукунат | |
Забон | Забони бoсанскӣ |
Дин | ислом ва суннӣ |
Ҷузъе аз | славянҳои ҷанубӣ[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бусниҳо, босниҳо — яке аз халқиятҳои славянҳои ҷанубӣ, ки дар давраи империяи Усмонӣ бар асари ба ислом рӯ овардани славянҳои Босния пайдо шуда, асосан дар Босния ва Ҳерсоговина умр ба сар мебаранд.
Аксари кулли диндорон мусулмонони суннимазҳаб ва теъдоде аз онҳо масеҳиёни православ мебошанд. Забонашон босниягист. Дар саршумори аҳолӣ дар Югославияи собиқ дар солҳои 1960-70 ба ҷойи истилоҳи «боснӣ» ибораи «славянҳои мусулмон» истифода шудааст. Тибқи омори соли 2005 теъдоди умумии босниҳо 2147 ҳазор ва тибқи саршумори соли 2011 шумораи умумии онҳо дар саросари ҷаҳон 2400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар буснӣ 2 218 638 нафар, дар Сербия 136 087 нафар, дар Черногория 53605 нафар, дар Туркия беш аз 30 ҳазор нафар, дар ИМА 30 ҳазор нафар, дар Хорватия 14 ҳазор нафар буснӣ умр ба сар мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Босниҳо / Қ. Расулиён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.