Jump to content

Бумеранг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бумеранг (англ. boomerang) — асбоби чубӣ, филиззӣ ва пластмассии (ҳоло) секунҷанамуде, ки вақти бозӣ ва баъзан ҳангоми ҳарби низомӣ истифода мекарданд. Дар гузашта онро дар Мисри Қадим, Австралия, ҷануби Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Мексика ҳамчун силоҳи шикор ва ҷанг ба кор мебурданд. Шаклҳои барнагарданда ва баргардандаи бумеранг мавчуданд. Бумеранги барнагардандаро «бумеранги ҷангӣ» низ меноманд. Дарозии он қариб 1 м буда, нисбат ба бумеранги баргарданда каҷиаш камтар, қисми поёнии паррачаҳояш нисбат ба қисми болоӣ ҳамвортар аст. Онро ба тарзи уфуқӣ партоб мекунанд. Дурии парвози он ба қувваи ҳаводиҳӣ ва вазни бумеранг (аз 300 то 700 г) вобаста мебошад. Ҳангоми дуруст партофтан мувозӣ ба замин қариб ба масофаи то 200 м парвоз мекунад, ки ин эҳтимолияти ба ягон ҳадаф зарба заданро баланд мебардорад. Бумеранги баргарданда аз бумеранги ҷангӣ бо каҷии нисбатан зиёд (то 500) ва наздикии паррачаҳо фарқ мекунад. Ҳаҷми он хурдтар, вазнаш камтар ва суръати ибтидоияш нисбат ба бумеранги ҷангӣ зиёдтар аст. Ин намуди бумеранг пластинаи (ғафсиаш тақрибан 1 см) қатшудаи сатҳҳои поинаш ҳамвор ва болояш барҷаста мебошад. Бумеранги баргардандаро ба тарзи амудӣ партоб мекунанд. Хатти мураккаби парвози бумеранг хеле мароқангез аст. Бумеранг ҳангоми пар­воз метавонад хатти каҷукилеби сарбаста, ҳашт ва ғайраро тасвир кунад. Барои ин амал таносуби паррачаҳо нақши бузург мебозад. Хатти парвоз ба самти шамол ва санъати ҳаводиҳанда марбут аст.