Будоғ
БУДОҒ (Viburnum), бутта ё дарахти на чандон калони хазонрез ва баъзан хамешасабз. Барги яклухт ё нобаробар Канор (ру ба руи якдигар ҷойгир шудаанд), гули 5-баргаи сафед ё гулобитоб, хушагули чатр ё сипаршакл дорад; мевааш донакдор. Аз тухм ва каламча зиёд мешавад. Тухмаш кобилияти сабзишашро то 2 сол нигоҳ медорад. Дар ҷумҳури Будоғи худруй нест. Дар Боғи ботаникии Донишкадаи ботаникаи АФ Тоҷикистон аз соли 1934 ин ҷониб 25 намуди он (аз ҷумла V. betulifolium, V. burejae-ticum, V. f oetidum, V. lantana, V. mac-rocephalum, V. opulus ва ғайраро) nap-вариш мекунанд. Будоғ. рустании хуби ороишист. Бисьёр намудҳои он (мае, V. leatago, V. carlesdi, V. opulus, V. fragrans) барои сабзкории шаҳру деҳот тавсия шудаанд. Пустлохи Будоғ.
Будоғ (Viburnum opulus): 1—шохчаи гулдор; 2 — шохчаи мевадор; 3 — гул. (V. opulus) дар тиб чун доруи хунбанд, сусткунандаи мушак ва афис истифода мегардад; ҷӯшоб ва қимащро ҳангоми хунравии узваҳо дарун, носомониҳои хомилагӣ ва ғайра истеъмол мекунанд, меваашро мехӯранд (хусусан баъди сармо задани он).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Колесников А. И., Декора¬тивная дендрология, Москва. 1974; Жизнь растений, т. 5, Москва, 1981; Полякова М., Лесные лекарственные растения, Варшава, 1986.