Jump to content

Борут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Борут — омехтаи сахти тарканда, ки зуд даргирифта, гармӣ ва маҳсули газшакли зиёд хориҷ мекунад.

Борут қабат ба қабат сӯхта, гармии ҳосилшударо низ аз қабат ба қабат мегузаронад. Суръати аланга ба таркиби борут, ҳарорати аввала ва фишор вобаста аст. Борут ду гуна мешавад: бедуд (борути пироксилинӣ, кордитҳо ва баллиститҳо) ва омехта (аз моддаи сӯзанда ва оксидкунанда, аз ҷумла борути дуднок иборат аст). Борутро дар силоҳҳои оташфишон барои ба снаряд додани суръати зарурӣ истифода мебаранд. Борутҳои омехта тақр. 60-70 % перхлорати аммоний (оксидонанда), 15-20 % моддаи полимерии пайвасткунанда (сӯзишворӣ), 10-20 % хокаи аллюминий ва иловаҳои дигар доранд. Борути дуднок, ки аз омехтаи селитраи калий (оксидонанда), ангишти чӯб (сӯзишворӣ) ва сулфур таркиб ёфтааст, эҳтимол дар Хитой ба вуҷуд омада бошад. Он минбаъд ба арабҳо маълум шуд. Борути дуднок то миёнаҳои асри 19 чун моддаи таркандаи ягона боқӣ монд. Борути пироксилинӣ бори аввал дар Фаронса аз тарафи П. Вел (1884) ва сипас дар Русия аз тарафи ДОКТОРИ ИЛМҲОИ Менделеев (1890) ҳосил карда шудааст. Борути кордитиро охири асри 19 дар Британияи Кабир ба даст оварданд. Борути баллистӣ дар Шветсия (1888) аз тарафи А. Нобел кашф шудааст.