Болишт
Болишт, тагсарӣ ё болиш (форсӣ: بالش), (форсӣ: بالشت — болишт) — василае аст чаҳоргӯш ки дохили онро бо моддаи нарми мисли пар ё пахта пур карда ва дар ҳангоми хоб ё истироҳат сарро рӯи он мегузоранд[1]. Инчунин ҳангоми нишастан дар пушт мегузоранд. Ғайр аз болиштҳои чоргӯша боз болиштҳои ороишӣ дар шаклҳои гуногун ҳастанд, ки тахти курпа ва ё роҳаткурсиҳоро оро медиҳанд. Боз лулаболишт низ вуҷуд дорад, ки барои каҷпаҳлу задан истифода мешавад.
Дар рӯзгори тоҷикон навъҳои гуногуни тагсарӣ ҷой дорад. Шаклан онҳо чоркунҷаву росткунҷа мешаванд. Як навъи болишт лӯлашакл аст. Тагсарӣ/болишт/лӯла барои хоб истифода бурда мешаваду дар вақти истироҳат дар болои кӯрпача нишаста, онро таги даст мегиранд ё ба пушт монда ба девор такя мекунанд. Тагсарӣ/болишт/лӯла дар ҳар хонадон ҳаст. Эҳтиёҷ ба тагсарӣ/болишт/лӯла дар рӯзгори тоҷикон хеле бузург аст. Дар бисоти арӯс ҷой доштани миқдори муайяни тагсарӣ/болишт/лӯла ҳатмист. Болиштҳои арӯсӣ аз рӯи ороиш ҳам фарқ мекунанд: гулдӯзӣ, қӯроқ, зардӯзӣ ва дигар. Тагсарӣ/болишт/лӯла бо пахтаандозӣ, ороиши намуди беруна, намуди матоъ фарқ мекунанд.[2]
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Википедиаи порсӣ بالش. (۲۰۱۳، اکتبر ۲). در ویکیپدیا، دانشنامهٔ آزاد. بازیابیشده در ۲۱:۲۶، ژانویه ۵، ۲۰۱۴، از http://fa.wikipedia.org/w/index.php?title=بالش&oldid=11086951
- ↑ Тагсарӣ. 14 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.