Jump to content

Банотуннаъш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Банотуннаъш (ар. بنات‌النعش‎ – «банот» ҷамъи «бинт» – духтар ва дар маънои маҷозӣ аз калимаҳои «ҳамсохт», «ҳамто», «ҳамҳайат» ва «наъш» – тани беҷон, ҷасад; инчунин, «пешвои духтарони сӯгвор» низ вомехӯрад) — номи ду бурҷи маъруф: Банотуннаъши Кубро (Дубби Акбар) ва Банотуннаъши Суғро (Дубби Асғар) дар илми нуҷум.

Дар Дубби Акбар чор ситора «наъш» ва се ситораи дигар «банот» номида мешуд. Дар Авесто ба сурати «Haptā aranga» ва дар форсии миёна «Hafto rang» омадааст. Дар забони форсии тоҷикӣ чун «Ҳафтваранг» ё «Ҳафт авранг» («Ҳафт авранги меҳин» ва «Ҳафт авранги кеҳин»), «Ҳафт хоҳарон», «Ҳафт духтарон», «Ҳафт бародарон», «Ҳафт додарон», «Ҳафт тахт», «Сарири фалак» истифода мешавад;

  • яке аз суварот (образҳо) дар адабиёти классикии форс-тоҷик, ишора ба галаситораи Ҳафтдодарон. Чунонки Абдурраҳмони Ҷомӣ гуфтааст:

Банотуннаъшу Парвин лаб кушуданд,
Ба насру назми худ ӯро сутуданд.

Шаблон:Astronomy-stub