Jump to content

Аммонитҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аммонитҳо
Аммонит (бозсозишуда)
Аммонит (бозсозишуда)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ammonoidea Zittel, 1884
Таксонҳои хоҳар

Аммонитҳо(лот. Ammonoidea) — як навъ ҷонварони бемуҳраи мунқариз. Аз давраи девон то давраи табошар зиндагӣ кардаанд.

Аммонитҳо гӯшмоҳии гуногун доштанд, ки бо девораҳои кӯндаланг ҷудо шуда буд. Ҳар девора ҳуҷраро мемонд. Дар ҳуҷраи охир, ки бо даҳон тамом мешуд, танаи нарми ҷонвар ҷойгир шуда буд. Ҳуҷраҳои дигар бо газ пур буда, вазифаи ҷиҳози гидростатикиро иҷро мекарданд. Ҳуҷраҳо бо ҳамдигар ба воситаи ғуррии бандакмонанди танаи нарм бо рагҳои хунгард, ки низоми мӯътадили газро дар қисмҳои бадан таъмин менамуданд, пайваст буданд. Қутри гӯшмоҳӣ то 2 м буд. Аммонитҳо дар баҳрҳо сукунат доштанд. Яке нағз шино мекард, дигаре хазида ҳаракат менамуд. Аммонитҳо барои аниқ кардани қонуниятҳои инкишофи фардии организм (онтогенез) ва таносуби он бо филогенез муҳим аст, зеро ҳама қисмҳои гӯшмоҳии аммонитҳо дар ҷараёни онтогенез сахт тағйир ёфтаанд.