Jump to content

Аляска (халиҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аляска
англ. Gulf of Alaska
Нигора
Дарёҷой барои Copper River[d], Alsek River[d] ва Seal River[d]
Basin country Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Аляска
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси Ором
Ҳаммарз бо Sitka[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аляска, Халиҷи Аляска (англ. Gulf of Alaska)[1]халиҷи кушоди Уқёнуси Ором дар назди соҳилҳои Америкаи Шимолӣ, байни нимҷазҷазираи Аляска ва ҷазираи Ванкувер. Масоҳаташ 384 ҳазор км2, чуқурии миёнааш 1193 м, амиқтаринаш – 4929 м. Дар Аляска ҷазираи Кадйак, галаҷазираҳои Александр, Малика Шарлота ва ғайра воқеанд. Ҳарорати қабати болоии об (рӯи об) дар тобистон 11 – 14°С, зимистон 3 – 6°С, намакнокиаш 32,0 – 32,5%. Маддаш нимшабонарӯзӣ ва ҳархела, баландиаш то 12 м мерасад. Сюард (дар Аляска) ва Принс-Руперт (дар Канада) бандарҳои калонтарини халиҷ мебошанд. Аляскаро соли 1741 Экспедитсияи дуюми Камчатка (таҳти роҳбарии А. И. Чириков ва В. Беринг) кашф кардааст. Географи рус Ф. П. Литке соли 1840 дар ҷазираи Баранови ин халиҷ нахустин дар Уқёнуси Ором расадхонаи баҳрӣ кушод. Дар Аляска моҳӣ сайд мекунанд.

  1. Карта ИМА, ГУГК, 1988 год