Jump to content

Абдулқодири Гелонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулқодири Гелонӣ
форсӣ: عبد القادر گیلانی
шайхи тариқати Қодирия
то 1166
Пешгузашта: Абусаид Муҳарамӣ
Ҷонишин: Абу Мадян

Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулқодир ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ ибни Яҳёи Гелонӣ
Лақаб: Муҳйиддин
Касб, шуғл: шоир, фақеҳ, сӯфӣ
Таърихи таваллуд: 17 март 1078
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 14 феврал 1166 (87 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн: Мақбараи Гелонӣ
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Падар: Абусолеҳ Мусо
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Абусаид Муҳарамӣ
Шогирдон: Абу Мадяни Ансорӣ[d]
Нуфуз: қодирия
Осор:
Шабоҳат: Muḥammad Ibn-ʿAbd-al-Qādir al- Kīlānī[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абдулқодири Гелонӣ (ар. عبد القادر الجيلاني‎, форсӣ: عبد القادر گیلانی‎; Абдулқодир ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ ибни Яҳёи Гелонӣ, маъруф ба Ғавсулаъзам 1077, Гелон, Эрон — 1166, Бағдод, Ироқ) — мутафаккир, мутасаввиф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик, асосгузори тариқати қодирия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулқодири Гелонӣ дар синни 18-солагӣ ба Бағдод омада аз Абузакариёи Табрезӣ илмҳои маъмули замонашро омӯхт, фиқҳу тасаввуфро бағоят хуб медонист. Таълимоти тасаввуфии ӯ ба мазҳабҳои шофеия ва ҳанбалия наздикӣ дошт. Мутобиқи иттилои маъхазҳо Абдулқодири Гелонӣ бештар ба воизӣ машғул буда, дар охири умраш гӯшанишиниро ихтиёр намудааст. Каромоти фаровонеро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Аз Абдулқодири Гелонӣ мероси гаронбаҳои илмии бисёре боқӣ мондааст, ки асоситаринашон инҳоянд: «Футуҳу-л-ғайб», «Башоиру-л-хайрот», «Ал-ғаният-ут-толибия», «Ал-фатҳ-ур-раббонӣ ва-л-файз-ур-раҳмонӣ»; «Мулаффазоти қодирия» ва маҷмӯаи номаҳои муаллиф ба унвони «Мактуботу қутб-ил-муҳаққиқин ва ғавсу-л-халоиқ». Тарҷума ва тафсири тоҷикии қавлҳои Шайх Абулмаолӣ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (вафот 1095) низ ба қалами Абдулқодири Гелонӣ мансуб мебошад.

Китобшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]