Соли 1992
Зоҳир
Солҳо |
---|
1988 · 1989 · 1990 · 1991 — 1992 — 1993 · 1994 · 1995 · 1996 |
Даҳаҳо |
1970-ум · 1980-ум — 1990-ум — 2000-ум · 2010-ум |
Садаҳо |
садаи XIX — садаи XX — садаи XXI |
Соли 1992 (ҳазору нуҳсаду наваду дувум) дар гоҳшумории мелодӣ — соли кабиса, оғоз дар рӯзи чоршанбе. Ин 1992 соли даврони ҳозир, 992 соли ҳазораи 2, 92 соли садаи XX, 2 соли даҳаи 10 садаи XX, 3 соли даҳаи 1990-ум.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 26 феврал – аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2 март – Дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид интихоб гардид.[1] [2]
- 5 март – қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин».
- 26 март – оғози гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дар майдони «Шаҳидон» – и шаҳри Душанбе бо иштироки ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.[3]
- 24 апрел – оғози гирдиҳамоии ҷонибдорони ҳукумати расмӣ (Президент Раҳмон Набиев) дар майдони «Озодӣ» ш.Душанбе.
- 5 май – дар гардиши Олӣ Совет, роҳи Душанбе – Ёвон рӯй додани хунрезӣ байни ҷонибдорони ҳукумати расмӣ (Президент Раҳмон Набиев) ва мухолифин ва оғози Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон.[4]
- 10 май – ташкили «Ҳукумати муросои миллӣ»-и Тоҷикистон бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифиин.
- 24 август – Сӯиқасд ва кушта шудани додситони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби мухолифин.
- 31 август – Қасри Президентро ишғол намуда ҷонибдорони силоҳбадасти мухолифин ва гаравгон гирифтани зиёда аз 30 нафар аъзои мақомоти идораи Президент ва Ҳукумати Раҳмон Набиев.[5]
- 7 сентябр – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби мухолифин гаравгон гирифтани Президенти ҶТ Раҳмон Набиев ва ба истеъфо баромадани ӯ. Минбаъд, Акбаршоҳ Искандаров, ки раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистон (то 19 ноябри соли 1992) гардид.
- 9 сентябр – барпо гардидани форуми аввалини тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе ба муносибати яксолагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 18 октябр - кушта шудани сарояндаи ҷавони тоҷик Кароматулло Қурбонов.
- 24 октябр – ҳуҷуми нерӯҳои силоҳбадасти Сафаралӣ Кенҷаев зидди мухолифин ба шаҳри Душанбе ва бебарор анҷомидани он.
- 4 ноябр – 13 декабр – муҳосираи иқтисодии шаҳри Душанбе (39 рӯз давом кард), аз ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи халқии Ҳисор.
- 16 ноябр – 2 декабр баргузории Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [6]
- 19 ноябр – Дар Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон.[7]
- 24 ноябр – дар Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар Тоҷикистон аз соли 2009 рӯзи 24 ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчам» ҷашн мегиранд.[8]
Зодрӯзҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 1992
Даргузаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 1992
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С.438-488.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Назаров Т. Таджикистан: экономика, политика, международное сотрудничество. Душанбе, 2001. С. 153-154.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 460.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 443.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 446
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 448
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 449-452
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 451
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С.452
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1992 дар Викианбор |