Ведомости пардохт
Ведомости пардохт — ҳуҷҷати хазинавии муҳосибавӣ, ки дар асоси он пардохти музди меҳнати кормандони муассисаву корхонаҳо, пардохт ба шахсони алоҳида ва дигар пардохти пулӣ пешниҳод мегардад. Аз ин лиҳоз ведомости пардохтро далели пардохти музди меҳнат меноманд.
Ведомости пардохт шакли мушаххаси қабулкардашудаи худро дошта, Т-53 рақамгузорӣ шудааст. Барои пардохти музди меҳнат Ордери хазинавии хароҷотиро низ истифода бурдан мумкин аст, лекин мутахассисон бар он ақидаанд, ки истифодаи ведомости пардохт афзалиятноктар мебошад, зеро бо як ҳуҷҷат музди кори якчанд кормандро пардохт кардан мумкин аст. Дар ҳошияи «Рақами ҳуҷҷат»-и ведомости пардохт рақами тартибӣ гузошта, дар ҳошияи «Таърихи мураттабнамоӣ» санаи тартиб додани он нишон дода мешавад. Дар сафҳаи дуввуми ведомости пардохт ҳар як қатори он рақамгузорӣ шудааст. Дар ҳолати нокофӣ будани саҳифаҳои ведомости пардохт саҳифаҳои иловагӣ гузошта мешаванд. Шумораи саҳифаҳо дар сатри «Миқдори саҳифаҳо» нишон дода мешавад. Баъди пур кардани қисми ҷадвали ведомости пардохт ва имзо гузоштан дар сафҳаи аввали он ба хазинадор барои тафтиш дода мешавад. Дар сурати нодуруст пур карда шудани ведомости пардохт он ба шуъбаи муҳосибот барои ислоҳ баргардонда мешавад. Агар ведомости пардохт дуруст пур карда шуда бошад, хазинадор ба пардохти музди меҳнат оғоз менамояд. Баъдан хазинадор вазифадор аст, ки аз рӯйи муҳлати муайяншудаи пардохти музди меҳнат ведомости пардохтро то охир пур кунад. Дар сархатти 5-и ведомости пардохт хазинадор маоши кормандонеро, ки пардохт нашудааст, бо ишораи «Депонент карда шудаанд» нишон медиҳад. Дар саҳифаи охири ведомости пардохт хазинадор ҳамаи маблағи пардохтшуда ва пардохтнашударо ҳисоб карда, бо имзо тасдиқ мекунад ва баъд аз он ведомости пардохтро ба муҳосибот месупорад, ки онро сармуҳосиб тасдиқ мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ведомости пардохт / М. Тағоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.