Jump to content

Абдураззоқ Махдум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 08:01, 3 ноябри 2022 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (clean up using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Махдум Абдураззоқ
Зодгоҳ: Шош
Навъи фаъолият: хаттот ва хушнавис

Махдум Абдураззоқ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хушнавис ва хаттоти тоҷик (охири садаи XIX – аввали садаи XX).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Шош. Дар навиштани анвои хати арабӣ маҳорати баланд дошта, осори классикони адабиёти форс-тоҷикро китобат кардааст. Аз намунаи осори китобаташ то имрӯз маҷмӯаҳои ашъори «Девони Юсуф» (китобаташ 1908, таҳти рақами 902), «Девони Фирӯз» (китобаташ 1908, таҳти рақами 3442) ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (китобаташ 1904, таҳти рақами 7768) боқӣ мондаанд, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.