Гадоӣ
Гадоӣ (форсӣ: گدایی ), гад, кад, гадя, кудя, дарюзагӣ, тал(а)бандагӣ — амале, ки бо мақсади ба даст овардани чизе анҷом дода мешавад, пешаи гадо.
Дар фарҳангҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гадоӣ дар фарҳанги ҷаҳон дар шумори пасттарин кору пеша қарор ёфта, накуҳиш ва мазаммат шудааст. Дар адабиёт фаровон истифода гаштааст.
В-агар ҷавр дар подшоӣ кунӣ,
Пас аз подшоҳӣ гадоӣ кунӣ.Саъдӣ
Зоди роҳи ҳарами васл надорем, магар
Ба гадоӣ зи дари майкада зоде талабем.Ҳофиз
Тамаъ аз халқ гадоӣ бошад,
Гар ҳама Ҳотами Тойӣ бошад.Ҷомӣ
Гадо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гадо (форсӣ: گدا), дарюза, талабанда — касеро гӯянд, ки аз роҳи дархости кумаки моддӣ аз мардум рӯзӣ ба даст оварда, бо барангехтани ҳисси раҳму шафқат аз одамон пул меситонад ва ин корро пешаи худ кардааст.
Дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон гадо дар пасттарин радаи иҷтимоӣ қарор дорад. Барои нишон додани тафовути куллии пойгоҳҳои иҷтимоӣ дар бештари мавридҳо аз таносуби муқоисавии шоҳ (шоҳзода, султон) ва гадо истифода мешавад. Маъруфтарин асари адабӣ дар ин маврид «Шоҳзода ва гадо»-и Марк Твен ба шумор меравад.
Дар адабиёти бадеӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гадо дар адабиёти бадеӣ фаровон истифода шудааст. Масалан:
Ба гадое бигуфтам: «Ай нодон,
Дин ба дунё мадеҳ аз пайи нон»!Саноӣ
Чун гадоӣ чизи дигар нест, ҷуз хоҳандагӣ,
Ҳар кӣ хоҳад, гар Сулаймон асту гар Қорун, гадост.Анварӣ
Муҳоли ақл аст, агар реги биёбон дур шавад, чашми гадоён пур шавад.
«Гулистон»-и Саъдӣ
Дар тангнойи ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он, ки гадо муътабар шавад!Ҳофиз
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ١٢. تهران، ١٩٩٩
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гадоӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Гадо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.