Садруддини Даштакӣ
Таърихи таваллуд | 1425[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1498 |
Кишвар |
Садруддини Даштакӣ (форсӣ: صدرالدین دشتکی; 1425[1], Шероз[1] — 1498) — файласуфи форс-тоҷик, яке аз бузургтарин намояндаи мактаби фалсафии Шероз, муассиси Мадрасаи Мансурия, падари Ғиёсуддини Даштакӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳсилоти ибтидоияшро дар шаръиёт ва ҳадис, улуми ақлӣ, фанҳои адабӣ ва илмҳои арабӣ назди падараш Мирғиёсуддин Мансур ва писарамакаш Мирнизомуддин Аҳмад ва писари аммааш Мирҳабибуллоҳ гузаронида, сипас улуми ақлиро назди Сайидфозил Муслими Форсӣ аз худ намуд. Ба гуфтаи писараш – Ғиёсуддини Даштакӣ, Садруддини Даштакӣ илова бар таҳқиқоти илмӣ ва фалсафӣ, дар кишоварзӣ, кандани рӯдхонаҳо ва сохтани бино низ моҳир будааст. Соли 1505 дар Шероз мадрасае бино кард ва онро ба номи писараш Мансур «Мансурия» номид. Султон Яъқуббек (ҳукмронӣ 1505–5018) ба Садруддини Даштакӣ таваҷҷуҳ дошт ва ин мадрасаро аз пардохтани андозу молиёт озод кард. Соли 1525 гурӯҳе аз тоифаи туркмани бояндария Садруддини Даштакиро ба қатл расониданд. Мадфани вай дар мадрасаи Мансурия аст. Писарони Садруддини Даштакӣ – Ғиёсуддин Мансур ва Имодуддин Масъуд ҳар ду аз ҳакимон ва тарвиҷгарони ҳикмат буданд[2].
Дар он замон расм будааст, ки волии Шероз барои равшан кардани андешаи ҳакимон маҷлисҳое ҷиҳати гуфтугӯ ташкил медод. Садруддини Даштакӣ бо Ҷалолуддини Давонӣ баҳсу мунозира доштааст. Дар мунозироти шифоҳӣ Садруддини Даштакӣ ғолиб буд ва Давонӣ бештар ба сурати мактуб ба ӯ посух медод. Натиҷаи ин посухҳо ва эътирозот ҳавошии зиёде гардид, ки он ду бар шарҳи «Таҷрид»-и Мулло Алии Қушчӣ навиштаанд. Давонӣ дар осори худ бо адабу эҳтиром аз Садруддини Даштакӣ ёд кардааст. Ғиёсуддини Даштакӣ дар доварӣ байни андешаҳои падараш ва Давонӣ осоре таълиф кардааст ва умдатан ба инкору радди андешаҳои Давонӣ пардохтааст[2].
Осори Д.: «Исботу-л-воҷиб» (ин рисоларо писараш бо унвони «Кашфу-л-ҳақоиқи-л-муҳаммадия» шарҳ карда, чанд фасле бар он афзудааст ва дар охир ба шарҳи ҳоли падараш пардохтааст); «Шарҳун кабирун ало-ш-шарҳи-л-ҷадиди-т-таҷрид», ки дар воқеъ ҳошияест бар ҳошияи Давонӣ бар шарҳи «Таҷрид»-и Қушчӣ (маъруф ба «Шарҳу-л-ҷадид»); «Ҳошия ало шарҳи-л-матолиъи Қутбуддин Розӣ» (ҳошияе бар «Шарҳи-л-матолеъ»-и Давонӣ аст; маҷмӯи ин эътирозот ва посухҳо ба «Табақоти ҷалолия ва садрия» маъруф аст); «Ҳошия ало шарҳи-ш-шамсияи Қутбуддини Розӣ»; «Рисола фи-л-файёз»; «Рисола фӣ таҳқиқи-л-ҳуруф»; «Таълиқот ало Тайсир» (дар фиқҳи шофеӣ) ва ду рисолаи форсӣ – «Қавсу қузаҳ» ва «Ҷавоҳир»[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://books.google.fr/books?id=VGvO3jpy-YcC
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Даштакӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.