Пйер Абеляр
фр. Pierre Abélard | |
Таърихи таваллуд | 1079[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 апрел 1142[1][4][5] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа ва scholasticism[d] |
Алма-матер | |
Шогирдон | John of Salisbury[d], Hilarius[d], Robert of Melun[d] ва Berengar of Poitiers[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пйер Абеляр (фр. Pierre Abélard/Abailard, лот. Petrus Abaelardus; 1079, Палле — 21 апрели 1142, дайри католикии Сен-Марсел) — файласуф, илоҳиётшинос ва шоири франсавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1113 мактаби шахсии худро таъсис дод. Абеляр ба реализми ифротии Гиломи Шампоӣ ва номинализми Росселин зид баромада, таълимоти худро пешниҳод намуд, ки дар он баъзе хусусиятҳои таълимоти Арасту таҷдид шуда, минбаъд бо номи консептуализм машҳур гардид. Мувофиқи таълимоти Абеляр дар олами воқеӣ фақат ашёи ҷудогона вуҷуд доранд. Умури куллӣ мустақилона вуҷуд надошта, зимни ҷудо карда гирифтани сифатҳои алоҳидаи ашё, дар натиҷаи фаъолияти таҷридии ақл ҳамчун мафҳум пайдо мешаванд. Идроки ҳиссӣ асоси дониш аст; зимни муроқабаи ҳиссӣ инсон фақат чизҳои алоҳидаро дарк мекунад. Ғояҳо – идеяҳо танҳо дар ақли илоҳӣ вуҷуд доранд. Ақли илоҳӣ дар ҷараёни муроқаба ба дарки амиқи ҳама гуна касрати олами моддӣ қодир аст. Бар хилофи Анселми Кентерберӣ, ки ақлро дар асоси имон пайдошуда мепиндошт («бовар мекунам, то бифаҳмам»), Абеляр ақлро қисман аз имон ҷудо карда, онро шарти пешакии ба вуҷуд омадани имон мешуморид («мефаҳмам, то бовар кунам»). Албатта, мармузоти калисоро низ ба мисли «Каломи муқаддас» қаблан оқилона дарк кардан мумкин нест, вале эътибори ривояту аҳкоми динӣ бояд ба тавассути ақл санҷида шавад. Таҳлили мантиқии аҳкоми динӣ дар осори Абеляр дар баъзе ҳолатҳо аз шарҳу тафсири маъмул фарқ мекард. Калисои католикӣ ду бор – дар калисои ҷомеи Суассон (1121) ва Санс (1140) осори дар мавзӯи илоҳиёт навиштаи Абелярро маҳкум кард. Масъалаи асосии таълимоти ахлоқии Абеляр муайян намудани моҳияти гуноҳ аст. Инсон ҳангоми анҷом додани амали хайр ё шар бояд бо амри виҷдон ва оқилона рафтор кунад. Вале дар масъалаи наҷоти рӯҳи инсон Абеляр тарафдори таълимоти қазову қадар буд. Ӯ яке аз асосгузорони усули схоластикист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Абелардъ (рус.) // Энциклопедический лексикон — СПб.: 1835. — Т. 1. — С. 26–27.
- ↑ Абелар, Петр (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 23–24.
- ↑ Абеляр (рус.) // Православная богословская энциклопедия: А — Архелая — СПб.: 1900. — Т. 1. — С. 13—20.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 4. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ https://books.google.fr/books?id=z3hkJ5PA_8kC&printsec=frontcover&hl=fr&#v=onepage&q&f=false (ингл.) / J. Marenbon, G. Orlandi — 9780191585173 — P. xvii.
- ↑ https://books.google.fr/books?id=z3hkJ5PA_8kC&printsec=frontcover&hl=fr&#v=onepage&q&f=false (ингл.) / J. Marenbon, G. Orlandi — 9780191585173 — P. xxii.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1079
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Фаронса
- Даргузаштагони 21 апрел
- Даргузаштагони соли 1142
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Илоҳиётшиносон
- Файласуфон