Заминвасла
Заминвасла — бо филиз ба замин пайваст намудани дастгоҳҳо, таҷҳизот, мошин ва абзорҳои электрӣ.
Заминвасла барои муҳофизат аз таъсири номатлуби ҷараёни электрӣ хидмат мекунад. Заминвасла аз филиззоти заминпайваст (лӯлаҳои пӯлодӣ ё филиззи р. о.-и ба таври амудӣ ба замин гӯркардашуда ё аксар вақт тасмаҳои уфуқии мисӣ) ё симҳое, ки онҳоро бо қисмҳои ба замин пайвастшавандаи таҷҳизот алоқаманд мекунанд, иборат аст. Барои кам кардани муқовимат заминпайвастҳоро дар сатҳи обҳои зеризаминӣ гӯр кардан лозим аст. Заминваслаи таҷҳизоти баландантенна (пойгоҳҳои густариши мавҷҳои радио ва телевизион) бодбаракшакл буда, симҳои он 35-50 дарсади дарозии мавҷи ирсолшавандаро ташкил медиҳанд. Вобаста ба таъйинот Заминваслаҳо муҳофизатӣ, корӣ ва барқгардон мешаванд. Заминваслаи муҳофизатӣ барои муҳофизати инсон аз шиддатҳои номатлуби тана ва ҷузъҳои асбоб, ки ба шиддат пайваст нестанд, хидмат мекунад. Муқовимати ноқилҳои заминпайваст нисбат ба муқовимати бадани инсон (тақрибан аз 500 то 4000 Ом) бояд хеле кам бошад, то ки ҳангоми расиш тамоми ҷараён пурра ба инсон таъсир накарда, ба замин интиқол ёбад. Заминваслаи абзорҳои электриро ба лӯлаҳои обгузар ё лӯлаҳои марказгармӣ пайваст кардан мумкин нест. Заминваслаи корӣ дар ҳолати ба тарҳи электрии таҷҳизот дохил шудани замин ва барои кор кардан мавҷуд будани зарурати пайваст кардани он истифода мешавад (масалан р. о.-и аз замин муҳофизат, яъне изолятсиянашуда чун ҷараёнгузари трамвай ва қатораҳои электрӣ хидмат мекунад). Заминваслаи барқгардон барои муҳофизат аз таъсири ҷараёни раъду барқ таъйин гардида, барои гузаронидани ҷараёни то 200 кА дар ҳиссаи сония мутобиқ гардонида шудааст (нигар Барқгардон). Дар ҳолати бо абзорҳои электрии рӯзгор ва компютерҳо кор кардан барои амнияти инсон ва кори босамари ин абзорҳо истифода бурдани Заминвасла зарур аст. Заминваслаи табиӣ (таҳкурсии оҳанубетонии бино ё иншоот) ва сунъӣ (заминпайвасти асбобҳо ва тачҳизот) мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заминвасла / С. Табаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 3—4. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.