Jump to content

Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 14:09, 22 феврали 2024 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (Вироиши 213.110.253.211 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки InternetArchiveBot анҷом дода буд)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит
ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон
Лақаб: Имоми аъзам, Сироҷ-ул-аимма
Касб, шуғл: олим, бозаргон, фақеҳ
Таърихи таваллуд: 5 сентябр 699(0699-09-05)
Зодгоҳ: шаҳри Куфа
Таърихи даргузашт: 18 июн 767(0767-06-18) (67 сол)
Маҳалли даргузашт: шаҳри Бағдод
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Фарзандон: Hammad ibn Abu Hanifah[d]

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фиқҳ ва илми ҳадис
Устодон: Hammad ibn Abi Suleyman[d], Ато ибни Абирабоҳ, Зайд ибни Алӣ[d], Ҷаъфари Содиқ[1], Анас ибни Молик, Amir al-Sha'bi[d], Товус ибни Кайсан[d], Jabalah ibn Suhaim[d], Abd al-Rahman ibn Húrmuz[d], Amr ibn Dinar[d], Talha ibn Nafi[d], Nafi Mawla ibn Umar[d], Muharib ibn Diththar[d], Alqamah ibn Marthad[d], Abd-al-Aziz ibn Rafí[d], Samak ibn Harb[d], Abdul Malik bin Omair[d], Муҳаммад Боқир, Ibn Shihab al-Zuhri[d], Muhammad ibn Munkadir[d], Ata ibn al-Saib[d] ва Hisham ibn Urwah[d]
Шогирдон: Абуюсуф, Ahmad bin Abi Taybah al-Darimi[d], Муҳаммади Шайбонӣ[d][2], Иброҳим ибни Таҳмон, Hasan bin Ziyad[d][3], Hammad ibn Abu Hanifah[d], Hamzah al-Kufi[d], Dawud al-Ta'i[d] ва Абдуллоҳ ибни Муборак
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода
Масҷиди Абу Ҳанифа, шаҳри Бағдод

Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон (ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا‎ маъруф ба Имоми Аъзам; 5 сентябр 699[4], Куфа, Хилофати Умавиён[5][6][7]18 июн 767, Бағдод, Хилофати Аббосиён) — фақеҳ, муҳаддис ва мутакаллими номдори форс-тоҷики аҳли Куфа, поягузори мазҳаби ҳанафӣ[8].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абӯҳанифа Нуъмон бини Собит ибни Марзбон ибни Зуто, ки бо лақабҳои «Имоми аъзам» ва «Сироҷ-ул-аимма» низ машҳур аст, аз аввалин ва бузургтарин фақеҳон ва мутакаллимони номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия ва бузургтарин имоми аҳли суннат ва ҷамоат ва машҳур ба Имоми Аъзам мебошад . Эшон дар соли 80-ҳиҷрӣ (699м.) дар шаҳри Куфаи Ироқ дар оилаи тоҷири бодавлати абрешими эронӣ (аз эронониёни мавалӣ) ба дунё омада аст,[9] ва эҳтимол, ягона писари волидайн буд.[10] Бобояш исломро дар даврони халифа Умар ибни ал-Хаттоб қабул кардааст.[11]

Аҷдодони Имоми Аъзам (р) дар асл форснажод буданд ва ба қавле онҳо аз мардумони Кобул ё Термиз ва ё аҳли Нисо будаанд. Бобояшро Умар ибни Ҳаммод Зоуто ё Зуто меномиданд ва ин вожа дар забони авестоӣ ва санскрит хондани суруду ниёишҳои мазҳабиро ифода мекунад ва Зардушт низ худро дар «Готҳо»-и Авесто «Зоутар» номидааст. Падари Абуҳанифа(р) Собит дар шаҳри Анбор ва ба қавле дар Термиз ва ё Нисо ба дунё омадааст. Ихтилоф дар маҳалли таваллуди вай шояд аз сабаби он бошад, ки эшон муддатеро дар ҳар яке аз ин шаҳрҳо сипарӣ кардааст. Собит марди сарватманд буд ва ба қавле дар Куфа нонвойхонае дошт, ки аз даромади он ризқу рўзии хонаводаро таъмин менамуд. Тибқи баъзе маълумот гўё ў бо бо халифаи чахоруми рошиди Алӣ ибни Абутолиб ошноӣ дошта, ба ў баъзан дар ҷашнҳои наврўзӣ ҳадяе тақдим мекардааст ва он ҳазрат барои ӯ ва фарзандону наберагонаш дуои хайр намудааст. Дар ин маврид Исмоил набераи Имом Абӯҳанифа (р) чунин мегӯяд: «Ман аз табори форсиёни озод ҳастам ва ба Худо савганд бардагӣ ва ғуломӣ ба мо роҳ надошта ва ҷадди ман дар соли 80 ҳиҷрӣ ба дунё омадааст. Яке аз падаронам дар хурдӣ назди Алӣ (р) рафта будааст. Алӣ (р) дар ҳаққи вай ва фарзандону ояндагонаш дуои хайре намудааст».

Абӯҳанифа низ дар ҷавонӣ ба тиҷорат шуғл дошт ва дар ин кор муваффақ низ гардида буд. Тичорат ягона манбаи даромади Абӯҳанифа буд. Фоидаи аз тичорат бадастомадаро на фақат ба¬рои рўзгори худ, балки барои кумак ба устодон, шогирдон ва дармондагону бенавоён сарф мекардааст. Алоқаи Абӯханифа бар умури молӣ ва таҷрибаи андўхта аз ин касб ба ў басирати муфиде дар ҳалли бисёр масоили фиқҳию ҳуқуқӣ бахшидааст. Нақл аст, ки рўзе ўро Имом Шаъбӣ дар бозор бо фазлу камоли бузург дида, аз дигаре таърихи ўро мепурсад. У фарзанди Собит, номаш Нуъмон аст мегўянд. Имом Шаъбӣ хитоб мекунад: «Эй Нуъмон ибни Собит, бишитоб ва ба суҳбати уламо бирас ва таҳсили илм кун, ки бозор ҷойи ту набошад. Ту дар муддате олими бузург хоҳӣ гашт». Пас аз ин воқеа ў ба роҳи илм қадам гузошт. Сараввал Абӯҳанифа ба илми қироати Қуръони карим ва таҷвиди он машғул шуда, сипас ба омўзиши дигар улуми диниву дунявии замонаш, аз қабили сарфу наҳв, илми ҳадис ва шеъру адабу фалсафа шуруъ намуд. Дар ҷараёни ин омўзиш аз бисёр фақеҳону мутакаллимон, олимону донишмандон ва устодону аҳди фазли замона – Омири Шаъбӣ, Абуисҳоқи Шабеӣ, Ибни Абинуҷуд, Қайс ибни Мусаллам, Ибни Муртасид, Каттода ибни Даома, Молик ибни Динор илм омўхт. Вай аз шогирдони беҳтарини Имом Ҳаммод маҳсуб мешавад. Дар 16 солагӣ Абу Ҳанифа имоми Аъзам якҷоя бо падар ба зиёрат, ҳаҷ ва ба зиёрати оромгоҳи паёмбар Муҳаммад ба Мадина рафтааст.[12] Дар он ҷо ӯ, Абдулло ибни ал-Ҳариса (яке аз саҳобагони паёмбар)-ро дид ва аз он суханони паембар Муҳаммадро шунид.[12] Ба хотири касби илму андўхтани таҷриба сафарҳои зиёде низ доштааст, аз ҷумла ба қавле 50 маротиба тавофи Каъба намудааст ва дар онҷо бо олимону машоихи машҳури Ҳиҷоз, Макка ва Мадина – Робиа ибни Абуабдурраҳмон, Ато ибни Абураббоҳ, Имом Бокир, Абдурраҳмони Аъроҷ, Муҳаммади Мундакар, Ибни Шиҳоби Захрӣ, Амр ибни Динор, Абдулзабири Маккӣ ва дигарон мулоқот доштааст ва рочеъ ба масоили гуногуни улуми шаръию каломӣ ва ҳуқуқӣ ба баҳсу андеша пардохтааст.[13]

Вақте Абу Ханифа 22 сола буд, ӯ  шогирди олими ироқӣ Ҳаммада ибни Абу Сулаймон гардид  дар маҳфили ӯ 18 сол то ба марги устодаш таҳсил намудааст ва сипас худи ӯ  ин маҳфилро дар давоми даҳ сол роҳбарӣ кардааст, ва ба ин васила ҳамчун фақеҳи боэтибори Куфа ва Басра номдор шудааст[9]. Абуҳанифа то он ки ба илми фиқҳ рўй оварад, сараввал ба Калом машғул мешавад. Чун Имоми Аъзам комилан вориди илми калом шуд, ба хубӣ дарк намуд, ки манфиати он ба¬рои ў камтар аст, аз ин рў, Абуҳанифа аз илми ка¬лом сарфи назар карда, ба омўзиши сарфу наҳву адаб ва аз худ намудани фанни шеър пардохт, вале оқибати онро ситоишу мадҳу ҳаҷв дарёфта, аз он низ даст кашид ва ба таҳқиқи хадис пардохт. Бо тааммуқ дар ин соҳа ў хулоса кард, ки агар хатое дар ин соҳа содир кунад, то рўзи қиёмат ин гуноҳ ба гардани ў хоҳад буд. Пас аз тааммули бисёр илми фиқҳро афзалтар аз ҳамаи улуми фавқуззикр дарёф ва ба омўзиши он пардохт. Ба ақидаи ў ҳар қадар, ки вай ба умқи ин илм мерасид, ҳамон қадар бузургӣ ва муҳимияти ин илм барояш бештар маълум мегардид. Бинобар ин, ў бо уламо, машоих ва фақеҳони аҳди хеш ҳамнишин шуда, ба куллӣ ба омўзиши фиқҳи исломӣ дода мешавад ва дар ин соҳа ў ба комёбиҳо бузург ноил мешавад. Дар ҷомеаи исломии замони хулафои Рошиддин ва Умавия як силсила масоили шаръию ҳуқуқие арзи вуҷуд намуданд, ки боиси пайдо шудани ихтилофи назарҳо ва пайдоиши фирқаву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар дохили дини ислом гардиданд. Ин ихтилофи назарҳо ҳатто боиси сар задани ҷангу ҷидоли дохилӣ низ шуданд, мислӣ ҷангҳои Ҷамал, Сиффин, муҳорибаи Наҳравон) ва ин омили дигари рў овардани ў ба илми фиқҳ буд. Даст задан ба арзёбиву доварии чунин масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва ақидаҳои мухталифи каломӣ аз назари шаръию ҳуқуқро Абуҳанифа вазифаи муқаддаси инсонии худ мешуморид ва бо амри дили хеш ба хотири такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар хилофат ва пешгирӣ аз нобасомониҳою ҷудоиандозӣ дар ҷомеаи исломӣ даст ба чунин кори масъулиятнок зад ва ҷомеаро ба қонунмандӣ даъват намуд. Ин ҷо таъсирпазирӣ аз устодаш дар илми фақоҳат Ҳаммод ибни Абисулаймон низ бояд ишора намуд.

Вай дар муддати 18 соли тамом дар доираи илмии ў дарс гирифт, ҳамдаму ҳамнишини ў шуда буд, ки ин бешак ҳисси ўро дар чунин сарсупурдагӣ дар фиқҳи исломӣ бедор карда буд. Ҳамин тавр, Абуҳанифа ҳамроҳи шогирдонаш, ки машҳуртарини онҳо Абуюсуф Яъкуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Куфӣ ва Мухаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мебошанд, тавонист, ки сабаби сар задани нобасомониҳоро аз замони халифа Усмон то ба замони худ ва дигар моҷароҳои иҷтимоию сиёсӣ ва баҳсҳои мазҳабию ақидатии бавуҷудомадаро аз ҷихати ҳуқуқӣ арзёбӣ намоянд ва дар давоми си сол пайваста ба тадрис, мутолиа, баҳсу таҳқиқ ва натиҷагарӣ дар масоили шаръию ҳуқуқӣ машғул шавад. Абуҳанифа ва пайравони мактаби ў, ки дар адабиёти динӣ бо номи «асҳоби раъй» маъруфанд, дар ҳаллу фасли масоили баҳсовари фиқҳӣ ҳамчун марҷаъ аз Қуръону суннат, иҷмоъ, қиёс истифода мекарданд, сипас рў ба истеҳсон меоварданд ва дар онҳо агар чизе пайдо накарданд, матлабро дар одоти шойеъ дар байни мардум ҷустуҷў менамуданд, ки он бо истилохи «урф» машҳур гардид. Ин шуҳрати ў на факат дар ҳаллу фасли масоили динӣ зоҳир мешуд, балки ў ҳамчун аввалин алломаи соҳаи маорифи исломӣ, яке аз поягузорони асосии мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, мазҳаби ҳанафӣ гар¬дид. Ҳамин тавр, ў тамоми умри бобаракати худро ба таҳқиқу омўзиши масоили фиқҳӣ, каломӣ ва улуми шаръӣ сарф намуд.[14] Абу Ҳанифа — яке аз аввалин намояндагони доираҳои  тиҷоративу ҳунармандии шаҳрӣ аст, ки манфиатҳои онҳоро,  дар шакли таълимоти динӣ-ҳуқуқӣ  таҷассум намудааст.[9]

Бояд тазаккур дод, ки шахсияти ў аз назари ҳокимони давр дур намонда буд. Халифа Ҷаъфари Мансур ба ў мансаби қозигиро пешниҳод менамояд, вале ӯ инро напазируфт ва боиси ғазаби халифа гардид. Дар солҳои 747—748 барои раҳо ёфтан аз қасди Ибни Хубайра ҳокими Ироқ, ки ӯро ба хидмати давлатӣ даъват мекард, ба Макка баргузид,. Баъди тасдиқи қудрати халифаҳои Аббосӣ ба Ироқ баргашта, бо тиҷират ва олимӣ машғул шудааст. Халифа ал-Мансур ба Абу Ханифа мансаби наверо дар пойтахт — Бағдод пешниҳод кардааст, вале Абуҳанифа онро низ рад кардааст.[9] Дар ин маврид ҷавоби рад Халифа ал-Мансурро ба ғазаб овардааст ва Абуҳанифа  ба зиндон маҳкам карда шуд, ки дар он соли 767 вафот кардааст.[15][16]

Баъди муддате марги нобаҳангом ўро дар инҷо даст ёфт ва ў ин ҷаҳонро тарк гуфт. Ин ҳодисаи нохушу ғамангез соли 150-уми ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод. Марг марде аз қавми тоҷикон дар рабуд, ки мактабаш ҳанӯз дар замони ҳаёташ бар ҷаҳони Ислом шуҳрат ёфт ва ҳазорон саволи беҷавобро ҷавоб медод. Абуҳанифа шахсе буд, ки то ба имрӯз азамату бузургии фикру андешааш дар адабиёти исломӣ беназир аст. Мегӯянд: «васият карда буд, ки пас аз марг ҷисмамро дар замини ҳалоле, ки амир онро бо зӯр ғасб накарда бошад, дафн кунед». Чун ин васияти Имом Абӯҳанифа (р) ба самъи Ҷаъфари Мансур расид, аз кирдору рафтори хеш бисёр андӯҳгин шуда, гуфт: «Кист, ки имрӯз ба ҷойи Абӯҳанифа (р) маъзартхоҳии маро аз рафторе, ки бо ӯ доштаам бипазирад». Оромгоҳи Имом Абӯҳанифа (р) дар қабристони «ал-Хизрон» воқеъ дар шарқи Бағдод воқеъ аст ва имрӯзҳо низ зиёратгоҳи мӯъминон аст.[17]

Дар соли 1066 пайравонаш дар қабри Абу Ҳанифа мақбарае сохтанд  ва он то кунун зиёратгоҳи бонуфузи мусулмонони мазҳаби ҳанфӣ ба шумор меравад.[18]

Баъд аз  гузашти бисер сол баъд аз марги ӯ дар работи шаҳри Бағдод   Масҷиди Абуҳанифа сохта шуда буд. Қабри Абуҳанифа соли 1508 бо фармони шоҳаншоҳ Исмоили Сафавӣ несту нобуд шуда буд,[19] ва соли 1533  баъди бозгашти Ироқ ба имперотурии Усмонӣ барқарор шудааст.[20]

Васиятҳои Имоми Аъзам

[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Шахсеро, ки илм ва дониш ӯро аз муҳаррамоти (он чизҳое, ки шариъат онро ҳаром ҳукм кардааст) Худовандӣ боз надорад ва аз гуноҳон дур накунад, аз ҷумлаи хосирон аст.

2. Ҳангоме, ки ҳадиси саҳеҳ бошад, пас он мазҳаби ман аст.

3. Ҳар касе, ки далили манро намедонад бар ӯ ҳаром аст, ки ба раъйи ман фатво диҳад.

4. Ҳар касе, ки илмро ба хотири дунё меомӯзад, аз баракоти илм маҳрум мешавад ва ҳар касе, ки илмро ба хотири Худо меомӯзад, дар илмаш баракат дода мешавад. Ва дар қалбаш чой мегирад ва афроди зиёде аз он истифода хоҳанд кард.

5. Ҳар кас, ки мехоҳад аз одоби охират наҷот ёбад аз сахтиҳои дунё набояд битарсад.

6. Инсон бояд ҳамеша нафсашро муҳофизат кунад ва дурӯғ нагӯяд.

7. Ҳеч гоҳ дар корҳоятон чи дунёӣ бошад ва ё ғайри дунёӣ бепарво мебошед, зеро Худованд аз ҳама чиз аз шумо хоҳад пурсид.

8. Бар тиловати Қуръон мудовамат намоед.

9. Маргро пайваста ба ёд биёр ва барои устодон ва касоне, ки аз онҳо илм омӯхтай талаби омурзиш кун.

10. Қабристонҳо ва маконҳои муқаддасро зиёрат кун ва ба мулоқоти уламо ва машоих бештар бирав.

11. Агар касе аз ту машварат хост, ба ӯ машварат бидеҳ (албатта дар корҳои нек).

12. Аз бухл бипарҳез, ки инсонро расво мекунад.

13. Ҳиммати баланд дошта бош, чун касе, ки ҳимматаш заиф (суст) бошад, қадру манзалаташ кам мегардад.

14. Нисбати риш беаҳамият мабош ва муйлабҳоятро матарош.

15. Зикри Худоро бештар кун ва дуруду салом ба Пайғамбар бештар бифирист.

16.Бар он чизе, ки Худованд аз моли дунё ва мартаба ба ту иноят карда аст, қаноат кун.

17. Ҳамеша бо мардум сухани нек бигӯ, дӯст ва муҳаббати хуб пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош.

18. Аз хандидани бисёр бипарҳез, ки дилро мемиронад. Ва дар корҳоят саросема мабош.

19. Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар яке аз онҳоро фарзандони худат медонй зеро ин кор рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард.

20. Пайваста тақво пеша кун ва амонатро ба соҳибаш баргардон.

21. Барои ҳамаи мардум хоссу ом хайрхоҳ бош, мардумро ҳақир машумор ва бо онҳо ҳатман эҳтиром бигузор, ва он чизе, ки дар даст дорй, бо ҳусни тадбир масраф кун то аз мардум бениёз бошй.

22. Дар бозор ва масҷид чизе махур, магар шахсе, ки муътакиф ё мусофир.

23. Роҳе, ки меравй ба ин тарафу он тараф бештар нигоҳ макун.

24. Ба бозор бисёр марав.

25. Он чиро, ки ба донистан ва омухтани он эҳтиёҷ дорӣ, худро дар ҷаҳлу нодонй нагузор ва ҳарчй зудтар онро биёмӯз.

26. Бо ҳамсояат хушрафторй намо ва бар озор ва азияти он сабр кун.

27. Дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кушиш кун, ки ҳалол бихурй ва ҳалол бипӯшй.

28. Агар шахси омӣ ва бозор бо ту мубоҳиса ва мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун, ки обрӯи туро мебарад.

29. Кушиш кун, ки дар ибодат аз дигарон пешқадам бошӣ.

30. Ҳар гоҳе, ки ҳарф мезанӣ, ҷеғ мазан ва садоятро баланд макун.

31. Дар пеши мардум бештар ба зикри Худо машғул бош, то, ки дигарон аз ту биёмӯзанд.

32. Бо ҳавопарастон нишаст ва бархост макун, магар ин, ки хоста бошӣ, ки онҳоро ба суи дин ва роҳи рост даъват кунӣ.

33. Аз лаънат фиристодан ва дашном додан парҳез кун ва ҳамеша сухани рост бигӯй.

34. Ҳамин, ки муаззин азон гуфт, барои адои намоз омода шав.

35. Дар маҷлисҳои илмӣ аз хашму ғазаб кор магир.

Имом Абӯҳанифа ин васиятҳоро на танҳо ба шогирдону фарзандаш, балки ба ҳамаи пайравони мазҳабаш ва умуман ба уммати ислом бахшидааст. Ҳамаи ин васиятҳо мазмуни оёти Қуръон ва аҳодиси Паёмбар мебошанд.

Соли 2009 — Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст.[1](пайванди дастнорас)

Масҷиди ба номи Имоми Аъзам

[вироиш | вироиши манбаъ]

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе — масҷиди ҷумъахонӣ дар шимоли шаҳри Душанбе мебошад. Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ аст. [21]. Бузургтарин макони мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, дар соли 2019 сохта шудааст. Санади таҳкурсии масҷид аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри 2009 , дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 1310 солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шудааст. Сохтмон моҳи октябри соли 2011 оғоз ёфтааст. Арзиши сохтмон тақрибан 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Масҷид 8 июни соли 2023 бо иштироки амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Танӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд. Пешниҳод гардид, ки масҷид ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.[22].

Яке аз макотиби олии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа (арабӣ: الامام الاعظم) "Имоми Аъзам" Нӯъмон бин Сабит Зута бин Моҳан - Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа гузошта шудааст.

  1. Али-заде А. Джафар ас-Садик (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.
  2. Али-заде А. Шейбани Мухаммад ибн Хасан (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.
  3. الذهبي ش. ا. سير أعلام النبلاء (араб.) — 1 — بيروت: مؤسسة الرسالة, 1985. — Ҷ. 9. — С. 543.
  4. Encyclopaedia of IslamЛейден: Brill.
  5. Абу-Ханифа (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 1. — С. 56.
  6. Али-заде А. Абу Ханифа (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — С. 38.
  7. D. B. Ma. Abū Ḥanīfa an-Nu‛mān ibn Thābit (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 1. — P. 78—79.
  8. Али-заде, А. А., 2007.
  9. 9.0 9.1 9.2 9.3 Ислам: ЭС, 1991.
  10. Islam на Неве.
  11. Рождение, полное имя и нисба Абу Ханифы. Имам Абу Ханифа | Наследие Абу Ханифы (2013). 25 сентябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2013.
  12. 12.0 12.1 Umma.ru.
  13. Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам). Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам) (2019). 2 июли 2033 санҷида шуд.
  14. Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам). Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам) (2019). 2 июли 2033 санҷида шуд.
  15. Ya'qubi, vol.
  16. Najeebabadi, Akbar S. (2001).
  17. Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам). Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам) (2019). 2 июли 2033 санҷида шуд.
  18. Alikuzai,, Hamid Wahed (2013-10). A Concise History of Afghanistan in 25 Volumes. Trafford Publishing. p. 146. ISBN 9781490714462. Retrieved 28 October 2015.  Check date values in: |date= (help)
  19. Encyclopedia of the Ottoman Empire
  20. History of the Ottoman Empire and modern Turkey
  21. В Таджикистане готовятся к открытию самой большой мечети в Центральной Азии. Sputnik (14 сентябри 2019). 27 ноябри 2019 санҷида шуд.
  22. Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. www.asiaplustj.info (8 июни 2023). 13 июни 2023 санҷида шуд.