Ноҳияи Муъминобод
Ноҳияи Муъминобод (форсӣ: ناحیۀ مؤمنآباد) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | вилояти Хатлон |
Шомили | 1 шаҳрак, 6 деҳот |
Маркази маъмурӣ | Муъминобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 16 марти 1938 |
Масоҳат | 2386,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 99 300[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | MU |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.KТ.MU |
Коди телефон | +992 3318 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
Ин ноҳия 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Муъминобод аст.
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Муъминобод бо сарзамине 2386,9 км² дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Ховалинг, дар ғарб — бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб — бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Дарвоз аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.
Таърих
вироишПас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Муъминобод бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд.
Ноҳияи Муъминобод расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфт. 29 декабри соли 1973 ноҳияи Ленинград номида шуд 29 июни соли 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Муъминобод номида шуд.
Мардум
вироишМардуми Муъминобод ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Муъминобод 86,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт[3]
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
97,5 | 99,3 |
Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд.
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Муъминобод 6 ҷамоат[4] дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Муъминобод | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳраки Муъминобод | 12 500 | ||||||||||
Балхобӣ | 8 315 | ||||||||||
Боғгаӣ | 7 961 | ||||||||||
Деҳибаланд | 11 470 | ||||||||||
Нуралишо Назаров | 17 086 | ||||||||||
Шамсиддин Шоҳин | 7 279 | ||||||||||
Чилдухтарон | 4 131 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Муъминобод Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
вироишИқтисодиёти ноҳия аз ҳисоби сайёҳон ва корхонаҳои он пеш меравад.
Омӯзишу парвариш
вироишОлами наботот ва ҳайвоноти ноҳия дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад.
Аз ҷумла дар ноҳия 138 навъи рустаниҳои дорувор, 45 навъи рустании асаловар ва 98 навъи рустании ғизоӣ сабт шудааст. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидаанд. Дар ин ҷо бузи кӯҳӣ, гург, хирс, хуки ёбоӣ, ҷайра, рӯбоҳ, заргӯш, морҳои обӣ, калтакалос, аз паррандагон кабк, гунҷишк, кабутар, турна, қарроғ, зарғов, булбул ва ғайра дидан мумкин аст.
Захираҳои табии сарватҳои зеризаминӣ: масолеҳи сохтмонӣ, гаҷ, гил ва чашмаҳои маъданӣ.
Мавҷуд будани табиати зебои нотакрор, шароити мусоиди иқлимӣ, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ қадими ноҳия, барои инкишофи туризми байналмилалӣ асос шуда метавонанд. Аз ин лиҳоз ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки табиати нотакрор дорад барои ташкил кардани туризм шароити мусоид дорад.
Ниҳодҳои фарҳангӣ
вироиш- Боғи фароғатии ноҳия
- Осорхона
- Мавзеъҳои таърихӣ
Ҷойҳои таърихӣ
вироишҚалъаи Мир, маркази сайёҳии кӯҳистони Чилдухтарон, зиёратгоҳи мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, мақбараи Хоҷаи Нур, хонамузейи Соҳиб Табаров.
Қалъаи Мир - ёдгории асрҳои 3-4 буда солҳои 7-уми асри гузашта аз ҷониби бостоншиносон Эркиной Ғуломова ва Музаффар Азизов дар ин ёдгории беназир корҳои кофтукови шурӯъ шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ин корҳо то ба охир ба анҷом расонида нашудаанд.
Мамнӯъгоҳи Чилдухтарон яке аз ёдгориҳои беназири табиат дар шимолу шарқии ноҳия ҷойгир буда, дар масофаи тақрибан 28 км дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад.
Мақбараи Саид Ҳасаншоҳ Шоҳи Хомуш- тахминан ба асрҳои 11-12 рост меояд. Ин орифи бузург марди Исфаҳонӣ буда бо мақсади таблиғи таасуф ба ин сарзамин ба воситаи Шуғнон ба Чорсӯ (Муъминободи имрӯза) меояд, ки баъди чанд муддат Шоҳи Хомӯш аз Дарвоз гузашта, ба мулки Хатлони Доруламон ташриф намуда, ба Чорсӯи шаҳри Муъминобод расида ба ҳазрати Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста мулоқот менамояд. Ба ҳамин тариқ Саид Ҳасаншоҳи Хомӯш сокини Дараи Туркияи Хатлон, ки ҳоло номи Лангарро ба худ гирифтааст мегардад.
Қалъаи Муъминобод, дар маркази ноҳия, дар соҳили чапи сойи беном воқеъ мебошад.
Баландии теппа росткунҷаи ҳамвор буда, дар қисми ғарбии қалъа дар манзараи замин фақат як теппачаи даврамонанди начандон баланди якметра ба назар мерасад.
Баландии умумии қалъа дар канори ҷанубу ғарбӣ 6 метр, дар канори шимолу шарқӣ 15-16 мебр мебошад. Масоҳати қалъа 36х46 метр аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 21 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 20 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с. 90-92 ISBN 978-99947-33-54-5